Борон, чангу ғубор ва гармии тоқатфарсо: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

Окрестности города Душанбе с высоты
Ҳавои Тоҷикистон имрӯз камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ВМКБ борон мебораду дар Хатлон чангу ғубор боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар шарқи вилоят борон меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ пешбин мешавад.
Ҳаво дар водиҳо то +38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +26 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад.
Выставка Я, Энди Уорхол
Коршиносон шарҳ доданд, ки кадом ниқобҳоро дар гармӣ пӯшидан мумкин нест
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар водиҳо то +39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +32 дараҷа тафсон мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.