Ҷинояти одамкушие, ки 24 сол қабл содир гардида буд, аз сӯи кормандони Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Турсунзода ошкор гарид, гузориш дод ВУД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, шаҳрвандон Самиев Исмоил Ҳалимович ва Муродов Рамазон Нарзуллоевич, зода ва истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода 14 августи соли 1997 бо маслиҳати пешакӣ бо чанд тан ҳаммаслакони худ бо яроқ мусаллаҳ шуда, дар рӯй ниқоб кашида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ашӯров Валиҷон, воқеъ дар деҳаи Кирови шаҳри мазкур ворид гардида, соҳибхона ва бародари ӯро таҳдиди куштан карда, аз онҳо маблағ талаб кардаанд.
Пас аз гирифтани 1200 доллари амрикоӣ ва 700 ҳазор рубли тоҷикӣ барои ошкор нагардидани ҷинояти содиргардида, соҳибхона ва бародари ӯро бо силоҳ ба ҳалокат расонида, ҷои ҳодисаро тарк кардаанд.
"Шаби 14 ба 15-уми августи соли 1997, мо панҷ нафар омадем ба назди ҳамин хона, мошинро дар роҳ мондем, се кас дар сараш ниқоб кашид, дар даст яроқ доштем, ман дар раҳ истодам. Сеяшон омаданд, ман ки ниқоб надоштам, гуфтанд дар роҳ ист. Омаданд паррониданд ду касро ва давида рафтанд. Дар даст як қуттӣ пул доштанд. Ба мо 20 ҳазорӣ рубли тоҷикӣ доданд", - мегӯяд дастгиршуда дар навори барномаи "Сипар".
Се нафар ҳаммаслакони гумонбаршудагон дар соли 2004 боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд.
Нисбати ин қазия дар прокуратураи шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.