ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Коршиноси мустақили тоҷик гуфт, ҳаракати радикалии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) алайҳи истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ нест, гузориш медиҳад "Парс тудей" дар истинод ба "Авесто".
Умеди Ҷайҳонӣ бо ишора ба бурӯзи таниш дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ба далели ҳамалоти гурӯҳи Толибон гуфт.
"Ҳадафи онҳо истиқрори низоми аморати исломӣ дар Афғонистон аст ва барои амнияти миллии Тоҷикистон хатаре надорад", - таъкид кардааст вай.
Ӯ афзуд: Зеро тайи солҳои 1997 то 2001, ки Толибон дар бештари манотиқи Афғонистон тасаллути сиёсӣ дошт, алайҳи Тоҷикистон иқдоме накарданд.
Коршиноси мустақили тоҷик гуфт: Аммо Тоҷикистон бояд тадобири амниятии худ дар марзи муштарак бо Афғонистонро тақвият кунад.
Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд, ки танҳо омили таъсиргузори Афғонистон, ки метавонад Тоҷикистонро мутаассир аз худ кунад, вуруди паноҳандагони афғонистонӣ аст, ки ба назар мерасад Тоҷикистон барои пазириши ин афрод омода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" ( мамнӯъ дар Тоҷикистон) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
22 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон ба комиссариати Шерхон Бандари вилояти Кундузи Афғонистон 134 сарбози афғон тавассути посгоҳҳои марзӣ ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Дар байни онҳо чаҳор захмӣ буданд, як сарбоз кушта шуд. Раёсат вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро муташанниҷ арзёбӣ кард.