ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Футболбозони тими ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон нахустин пирӯзии худро дар Ҷоми Миллатҳои Араб-2021 дар Миср ба даст оварданд, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ осон набуд, аммо мунтахаби ҷавонон тавонист ҳамсолони худро аз АМА шикаст диҳад.
"Бозӣ бо ҳисоби 3: 2 хотима ёфт ва ҳар се голи мунтахабро футболбоз Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф расонд", - гуфт манбаъ.
Хотиррасон мекунем, ки дар маҷмӯъ 16 дастаи ҷавонон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар чор гурӯҳ дар Ҷоми Миллатҳои Араб-2021 ширкат меварзанд.
Тибқи қоида, дар поёни марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ танҳо ду даста ба плей-офф роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.
Дар мавриди бозиҳои навбатии U-19-и Тоҷикистон бошад, акнун онҳо рӯзи шанбеи 26 июн бо ҳамсолонашон аз Ҷибути рақобат мекунанд. Бозӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Агар ба футболбозони тоҷик муяссар шавад, ки ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёбанд, он гоҳ яке аз дастаҳои гурӯҳи А - Миср, Нигерия, Мавритания ё Алҷазоир рақиби онҳо хоҳад шуд.