ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ситоди оперативии Маскав гуфт, ки санҷиши антитела пеш аз эмкунӣ аз COVID тавсия дода намешавад ва зарур ҳам нест.
Тибқи иттилои ситод, пеш аз эмгузаронӣ, корманди соҳаи тиб муоинаи стандартӣ мегузаронад, санҷиши махсус талаб карда намешавад.
Ситод ҳамчунин бо такя ба коршиносон гуфт, мавҷудияти сатҳи баланди масъуният барои эм накардан, сабаб шуда наметавонад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи июн ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашуда буд.
Вале, ахиран Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз 21 июн мавҷуд будани вируси COVID - 19 дар ҷумҳуриро тасдиқ кард. Ҳарчанд расонаҳои дохилӣ ва худи сокинон қаблан аз бурузи дубораи ин маризӣ хабар дода буданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дасти кам 50 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд. Рӯзи гузашта боз 18 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Тибқи омори Вазорати беҳдошт, ки се рӯзи ахир нашр гардидааст, ҳоло ягон мавриди фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт нагардидааст.