ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ситоди Маскав оид ба назорати вазъи коронавирус ба суолҳои маъмултарин дар бораи вазъи COVID-19 посух дод.
Аз ҷумла, хадамоти матбуот шарҳ дод, ки чӣ гуна эмгузаронӣ барои хориҷиён ва муҳоҷирон гузаронида мешавад.
"Барои шаҳрвандони хориҷӣ, дар Маскав дар минтақаҳои дар фармон зикршуда, нуқтаҳои махсуси эмкунии пулакӣ ба кор шурӯъ мекунанд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи фармон, 60% коргарон дар соҳаҳои хидматрасонӣ, ки бо одамон бештар дар тамос ҳастанд, бояд эм карда шаванд.
"Айни замон корҳои ташкилӣ оид ба ҷойгиркунии чунин нуқтаҳои эмгузаронӣ идома доранд", - афзуд манбаъ.
Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон бо ваксинаи Sputnik Light эм карда мешаванд.