ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон зани 22-сола бо гумони ғоратгарӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи дуздӣ ба ШВКД дар шаҳри Гулистон бо ариза зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки аз 19 то 22-юми июн, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 1 гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия зани 22-солаи сокини Гулистонро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Манбаъ афзудааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.