ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми июни соли равон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда рӯзи 22-юми июн, дар назди мактаби №1 шаҳри Конибодом бо марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр, дорои касалии рӯҳӣ, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб кардааст.
Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Зикр карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.
Зикр карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.