Тафсилоти бемории МакSим: вазъи овозхон чӣ гуна аст?

Пизишкон ба беҳбуди саломатии овозхони машҳури Русия МакSим бовар доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Табибон дар бораи вазъи овозхон Марина Максимова (МакSим) пешгӯиҳои мусбат медиҳанд, гуфт менеҷери овозхон Яна Богушевская дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия-24".
Ба гуфти ӯ, дар ҳоли ҳозир Максимова дар ҳолати кома боқӣ мемонад.
Богушевская қайд кард, ки пеш аз ба ҳолати комаи сунъӣ расонидани сароянда, ӯ худро бад эҳсос намекард ва беҳуш ҳам набуд.
"Ман бо ӯ як соат қабл аз ба ҳолати кома афтоданаш суҳбат кардам ва табъи ӯ болида буд", - афзуд Богушевская.
Овозхон ҳафтаи гузашта бо таби баланд, илтиҳоби шуш ва ташхиси манфии коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд.
Даргузашти ситораи намоҳангҳои гурӯҳи Little Big Полина Соколова
Баъдтар ӯро ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карданду ба комаи сунъӣ гузарониданд.