Парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Русия метавонад то 14 адад зиёд шавад

Ӯзбекистон ҳамчунин мехоҳад ҳаракат тариқи роҳи оҳани мусофирбарро барқарор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Дар ҷараёни ҷаласаи дуюми комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои Русия ва Ӯзбекистон, ки имрӯз дар Маскав идома дорад, сарвазир Абдулло Орипов пешниҳод кард, ки шумораи парвозҳои мунтазам аз Ӯзбекистон ба Русия ба 14 адад дар як ҳафта расонида шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо аз тасмим бораи афзоиши парвозҳои мунтазами миёни Ӯзбекистон ва Русия изҳори сипос мекунем. Мо пешниҳод менамоем, ки дар ин самт корҳои муштарак идома ёфта, шумораи парвозҳои муқаррарӣ дар асоси паритетӣ бо риояи талаботҳои карантинӣ дар як ҳафта ба 14 адад расонида шавад", - гуфт сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов.

Абдулло Орипов
сарвазири Ӯзбекистон
Орипов инчунин гуфт, Ӯзбекистон барқарор кардани иртиботи роҳи оҳани мусофирбарро дар самтҳои маъмултарин ба мақсад мувофиқ медонад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Талаботи нав барои вуруди тоҷикистониён ба Ӯзбекистон
Ёдовар мешавем, ки байни Тошканд ва Маскав аз 10 июн парвозҳои мунтазам зиёд карда шуданд.
Ӯзбекистон марзашро бо Афғонистон баст
Ҳоло ҳавопаймоҳои "Аэрофлот" - и Русия байни пойтахтҳо ҳар рӯзи панҷшанбе ва якшанбе ва UzAirways рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз мекунанд.
То он вақт, Тошканд ва Маскавро дар як ҳафта танҳо ду парвоз пайваст мекард.