ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар назар аст, ки хориҷиёнро дар Русия бо ваксини "Спутник Лайт" эм кунанд, хабар дод вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.
"Қисме аз ваксини "Спутник Лайт"- ро мо барои хориҷиён масраф мекунем, Спутник V" бошад, феълан пурра ба шаҳрвандони Русия равона карда шудааст", - гуфт вазир.
Вай афзуд, ки донишҷӯён пеш аз оғози соли таҳсил бояд ҳатман ваксин гиранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 июн дар ҷаласаи пленуми Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат супориш дод, ки масъалаи ташкили ваксингузаронии пулакӣ алайҳи COVID-19 дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ дида баромада шавад.
Мақомоти кишвар бояд масъаларо то охири моҳи июн ҳал кунанд.
Эмкунии сартосарии зидди коронавирус дар Русия дар миёнаи моҳи январ оғоз ёфт. Айни замон, дар кишвар чор ваксини коронавирус ба қайд гирифта шудааст:"Спутник V", "Спутник Лайт", "ЭпиВакКорона" ва "КовиВак".
"Спутник Лайт"дар маркази Гамалея таҳия шудааст. Ваксина ба компоненти якуми "Спутник V" монанд аст.
Ба гуфтаи Павел Волчков, раҳбари озмоишгоҳи муҳандисии геномии Институти физикиву механикии Маскав, "Спутник Лайт" ваксинаи муассир аст, ки таъсири манфии камтарин дорад.