ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Дар вилояти Навоии Ӯзбекистон ҳафт сокини минтақаи Хатирчин дар конҳои куҳнаи кӯҳи Олтинсой ғайриқонунӣ тилло истихроҷ мекарданд.
Дар ҷараёни кор, истихроҷгарон аз гази ихроҷшудаи "муҳаррики электрикӣ" нафасгир шуданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии додситонии вилояти Навоӣ.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, чор нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.
Дар айни замон, прокуратураи ноҳияи Хатирчин аз рӯи ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ бурда истодааст.
Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи ба ҳамин монанд дар Қирғизистон низ рух дода буд.
Он замон, истихроҷгарони ғайримуҷоз вориди шахтаи сурма дар ноҳияи Чатқалъаи вилояти Ҷалолобод гардида, аз бӯйи гази карбон ба ҳалокат расиданд.