ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1544 сомонӣ нишон дода шудааст. Қурби миёнаи фурӯши рубл бошад, ки дирӯз то 0.1557 сомонӣ буд, имрӯз аз 0.1544 то 0.1565 сомонӣ нарх дорад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, қурби ин асъор бетағйир монда, 1 доллар 11,3200 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.4912 сомонӣ аст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,4346 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4912 то 13.6700 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.