22 июн дар таърихи Русия яке аз рӯзҳои ғамгинтарин - Рӯзи ёдбуд - Рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.
Ин рӯз хотираҳои сарбозони ҷасури дар ҷанг фавтидаро зинда мекунад. Мо ёди ҳамаи онҳоеро, ки ҷони худро баҳри наҷоти мо дареғ надоштанду аз даст доданд, пос медорем.
Субҳи 22 июн бе эъломи ҷанг Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ки 1418 шабу рӯз идома карда, ҷони 27 миллион ватандӯстони ИҶШС - ро гирифт.
Рӯзи 22 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 2016 дар пойтахти Ўзбекистон – шаҳри Тошканд вохўрии 13 - уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Соли 1889 дар Олмон аввалин маротиба дар Аврупо нафақаи пиронсолӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 2001 роҳбарияти ширкати "БМВ" тамғаи нави автомобили "БМВ Х-7"-ро муаррифӣ кард.
Соли 1976 Парлумони Канада ҳукми қатлро дар ин кишвар бекор намуд.
Соли 1857 дар Лондон аввалин рўзномаи мухолифин бо забони русӣ бо номи "Колокол" нашр шуд.
Соли 1984 киштии калонтарин дар олам- "Абдул- Азиз", ки барои шоҳи Арабистони Саудӣ сохта шуда буд, дар об ба ҳаракат даромад. Он 147 метр дарозӣ ва зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт.
Рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли соли 2003 дар Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.
Соли 2011 масоили дуҷонибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" баррасӣ гардиданд.
Соли 2002 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо намудани маблағ барои тадқиқоти археологӣ фармоиш имзо карданд.
Соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот кард.
Соли 2014 Кишвардори Тоҷикистон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур- пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдураззоқ мулоқот кард.
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн
Дар Гаити — Рўзи Президент.
Дар Конго — Рўзи артиш.
Дар Салвадор — Рӯзи омўзгор.
Рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1931 — сароянда, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Лайло Шарифова.
Соли 1936 — ходими давлатӣ Иззатулло Ҳаёев.
Соли 1945 — коргардони кино Елизавета Кимёгарова.