Олимони Оксфорд роҳи нави табобати фаврии коронавирусро пайдо карданд

Пизишкони бритонӣ бар ин боварданд, ки бо усули муайяннамудаи онҳо метавон ба таври фаврӣ маризони коронавирусро табобат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Олимони Донишгоҳи Оксфорд муайян карданд, ки истифода намудани инголятор дар вақти бемории коронаиврус метавонад вақти барқароршавӣ аз ин дардро ба таври назаррас кӯтоҳ кунад, менависад The ​​Telegraph.
Тадқиқоти онҳо нишон дод, ки будесонид, ки дар табобати астма ва бемории музмини обструктивии шуш истифода мешавад, метавонад ба беморони гирифтори коронавирус кумак кунад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Собянин дар бораи навъи хатарноки коронавирус гуфт
Олимон мегӯянд, инголятор метавонад бемори коронавирусро бо гузашти се рӯз аз ин дард раҳо кунад.
"Вазорати тандурустӣ ҳамоно натиҷаҳои озмоиши ин табобатро идома медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ ва таъйид шудани самаранокии ин навъ табобат онро маслиҳат медиҳанд", - афзудааст муовини вазири парлумон Ҷо Черчилл.
Табибони Бритониё тасмим гирифтаанд, ки ин усулро дар ҳар маврид татбиқ кунанд.
Коршиносон инчунин қайд карданд, ки истифодаи будесонид барои беморони коронавирус дар шароити хона низ имконпазир аст.
Дар ҳамин ҳол,профессор Ричард Хоббс, яке аз иштирокчиёни ин таҳқиқот, кашфиёти навро "як марҳилаи муҳим барои пандемия" номид.