ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Маҳками Баҳриддин, ҳофиз ва яке аз ҳамкорони Валиҷон ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
"Бегоҳии дирӯз хабар доданд, ки амаки Абдуҳафиз аз олам чашм пӯшид. Ҳоло ҳамроҳи Ғолибҷон ва дигар санъаткорони шаҳри Хуҷанд ба фотиҳахонӣ ба ноҳияи Айнӣ равонаем", - гуфт Баҳриддин.
Бино ба иттилои манобеъ, Абдуҳафиз Азизов солҳои охир аз маризии қалб ранҷ мекашид ва субҳи рӯзи 20 июн падари овозхон ҷон ба Ҳақ таслим намудааст.
Абдуҳафиз Азизов соли 1945 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна чандин сол дар замони шӯравӣ дар як коргоҳи нонпазӣ фаъолият намудааст. Солҳои охир ӯ ҳамроҳи фарзандонаш саргами кору рӯзғор буд.
Валиҷон, Абдуҷамил, Бадалбой ва як хоҳари ин бародарон, аз фарзандони Абдуҳафиз Азизов гуфта мешаванд.
Валиҷон Азизов ба фарқ аз бародаронаш, пешаи овозхониро интихоб карда, ҳоло яке аз сарояндаҳои хушсадо шинохта шудааст.
Ҷанозаи падари овозхон, зуҳри дирӯз дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба хок супорида шудааст.