ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз, Рӯзҳои фарҳангии Русия ифтитоҳ гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ то 28 июн идома меёбад.
Манобеи Ховар қаблан хабар дод, ки пеш аз оғози ин маърака, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия мулоқот доир мекунад.
Гуфта мешавад, ифтитоҳи расмии ин чорабинӣ дар Театри давлатии драмавии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардид.
Дар назар аст, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Русия, таҳти унвони "Вологодская кружево" баргузор гардад.
Ҳамзамон иштирокдорони Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аз шаҳру навоҳии Норак, Варзоб, Данғара, НБО - и "Норак" "Кохи Наврӯз", Китобхонаи милли Тоҷикистон дидан мекунанд.
Гузашта аз ин, дар шаҳри Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони рус доир мегардад.