Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Ҳиндустон навъи нави коронавирус пайдо шуд

"Делта плюс" навъи нави коронаиврус аст, ки дар чаҳор иёлати Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дасти кам 20 мавориди сироятшавӣ ба навъи нави коронавирус дар Ҳиндустон сабт гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Hindustan Times.
Ба иттилои манбаъ, навъи нави коронаиврус "Делта плюс" ном дорад ва он аллакай дар ҷаҳор иёлати Махараштра, қисмати марказии Ҳиндустон доман задааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон ба 29 миллион расид
Ин рӯзнома бо истинод ба Вазорати тандурустии Ҳиндустон менависад, ки навъи нави коронавирус феълан диққати пажӯҳишгаронро ҷалб намудааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки ин навъ он қадар хатарзо нест.
Ҳамин тариқ, дар Ҳиндустон аз замони авҷи маризии коронаиврус 29 миллиону 881 ҳазору 965 нафар мубтало шуданд.
Рӯзи якшанбе теъдоди қурбониёни ин дард ба 386 713 нафар баробар шуд.