ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдулло Абдуллоҳ барои музокирот бо раҳбари Амрико Ҷо Байден ба Амрико сафар хоҳанд кард, хабар медиҳад Afganistan.ru.
Манбаъ аз қавли сухангӯи Кохи Сафед Ҷейн Псакӣ менависад, мулоқот рӯзи 25 июн баргузор мешавад. Ба гуфтаи вай, ин сафар "шарикии мустаҳками Амрико ва Афғонистонро дар шароити коҳиши доимии нерӯҳо нишон хоҳад дод".
"Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ бо ҳукумати Афғонистон фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард, то ин кишвар дигар ҳеҷ гоҳ ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористие, ки барои Иёлоти Муттаҳида таҳдид мекунанд, табдил наёбад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Зимнан, қайд гардид, ки Амрико ҳамоно раванди сулҳро дастгирӣ мекунад ва аз ҳукумати ин кишвар ва ҷониби Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) даъват мекунад, ки аз роҳи гуфтушунид ба ҳама гуна низоъ дар ин кишвар хотима диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Вашингтон хуруҷи нерӯҳояшро аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон идома медиҳад. Интизор меравад, ки раванди хуруҷ то 11 сентябр ба итмом расад.