ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19.
"Ситод ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд", - омадааст дар иттилои манабаъ.
Имрӯз таҳти раёсати нахуствазир Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситод баргузор гашт.
Дар ҷаласа ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ситод мегӯяд, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намудааст:
пурзур намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон
назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ
риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн
андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалӣ мебошанд.
Вазорат мегуфт, ки нест
Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳолтҳои гирифторшавии сокинони Тоҷикистон ба коронавирус хабар медоданд. Аммо вазорати тандурустӣ инкор мекард.
Чунончи, пештар намояндаи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки шумораи нафароне, ки ба илтиҳоби шуш гирифторанд дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст
Аммо ӯ далели гирифтор шудани шаҳрвандон ба ин бемориро на вируси COVID - 19, балки ҳавои тафсон ва истеъмоли барзиёди яхмос ва нӯшидани оби хунук арзёбӣ кард.
“Онҳо дар пайи нӯшидани оби сард, хӯрдани яхмос ё дигар чизҳои хунук ба маризиҳо, аз ҷумла илтиҳоби шуш печидаанд. Аксари онҳо афродеанд, ки дар гузашта ба маризии “вируси корона” гирифтор шуда буданд. Шуши онҳое, ки бо нишона ё бе нишона ин маризиро аз сар гузарондаанд, ба як солу бештар аз он кор дорад, то пурра барқарор шавад”, - қайд карда буд вай.
Ёдрас мешавем, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли равон расман эълон карда буд, ки ба коронавирус пирӯз шуд. Аммо аз сокинон даъват мегардид, ки чораҳои беҳдоштро риоя кунанд.