ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Абдураҳмон Боқизода, домулло ва рӯҳонии маъруфи тоҷик дар синни 62 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
Хабари даргузашти ин рӯҳониро, Олим Сафолов дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намуд.
Ба навиштаи ин хабарнигор, домулло рӯзи 20 июн фавтид ва иллати марги ӯ коронавирус аст.
"Дар муқобили беморие, ки айни замон аксари мардуми сайёра бар зидди он мубориза мебаранд, танҳо ду ҳафта истодагарӣ карду халос", - навиштааст.
Ҷанозаи рӯҳонӣ дар зодбуми ӯ деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд ва дар маросими ҷаноза раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ ширкат варзид.
Ӯ аснои суханронӣ аз домулло як шахси хоксор, ҳалим, меҳрубон, донишманд ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тавсиф кардааст.
Марги домулло Абдураҳмон аз маризии коронавирус дар ҳолест, ки Вазорати беҳдошти кишвар расман мавҷуд будани ин вирусро қатъиян рад мекунад.
Аммо дар расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо дар мавриди буруз кардани ин вирус дар ҷумҳурӣ баланд аст.
Чанде қабл сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон аз бемор шудани шумораи зиёди одамон гуфт, вале таъкид намуд, ки ҳамаи онҳо на маризи коронавирус, балки ба илтиҳоби шуш гирифторанд.
Ӯ сабаби якбора бемор шудани даҳҳо нафарро ба гармии тоқатфарсо ва истеъмоли барзиёди яхмосу оби хунук рабт дода буд.