ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Имрӯзҳо дар беморхонаҳои Қирғизистон 2375 нафар аз сирояти коронавирус табобат мегиранд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ.
Танҳо 20 нафари онҳо дар ҳолати қаноатбахш, 1547 нафар дар ҳолати миёна, 709 бемор дар ҳолати вахим ва 99 нафарашон дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд.
Ҳамзамон, 4611 нафар шаҳрвандони Қирғизистон бо коронавирус дар хона табобат мегиранд.
Ёдрас мешавем, ки дар Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамоно сироятёбӣ аз вируси корона дар ҳоли афзоиш аст.
Дар ин росто аз 1 июл дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ аз ҷумла тӯйи арӯсӣ манъ карда шудааст.
Пештар ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони Қирғизистон даъват кард, то ба шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва вилоятҳои Чӯйю Ӯш сафар накунанд.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустии ин кишвар аз мавҷи сеюми вируси корона хабар доду гуфт, эҳтимол аст тирамоҳ дар Қирғизистон вируси шадидтаре пайдо шавад.