Рӯзи 20 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1881 дар Нижний Новгород аввалин маротиба дар таърихи Русия алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.
Соли 1933 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуд.
Соли 1950 Ҳизби коммунистии Африқои Шимолӣ баста шуд.
Соли 1954 дастаи футболи Олмон дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби 8:3 мағлуб кард, ки ин бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳамчун рекорди таърихӣ ном бурда мешавад.
Соли 1967 боксёри машҳур Муҳаммад Алӣ бо ҳукми суди Хюстони ИМА барои рад кардани хизмат дар Артиши Амрико ва иштирок накардан дар ҷанги Ветнам ба муддати 5 сол ҳабс ва 10 000 доллар ҷарима карда шуд.
Рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Сли 2008 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи ИДМ -ро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми "СММ-Об" оид ба масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо мири шаҳри Сямени Чин Лю Кэтсин суҳбат кард.
Ҷашнҳои рӯзи 20 июн
Рўзи байналмилалии паноҳандагон.
Рӯзи байналмилалии нигоҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот.
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии газ.
Дар Аргентина — Рӯзи Парчами миллӣ
Рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1908 — Нодир Шанбезода, шоири тоҷик.
Соли 1923 — Иброҳим Обидов, доктори илмҳои педагогӣ.
Соли 1924 — Павел Ханжин, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
Соли 1926 — Миралӣ Шодиев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон.
Соли 1937 — Ҳабиб Сафаров, академик.
Соли 1952 — Одина Азимӣ, нависанда.
Соли 1954 — Худойназар Тилавов, ҳунарманди театр.