СММ барои мубориза бо офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад

Офатҳои табиӣ яке аз мушкилоти асосии Тоҷикистон мебошанд: СММ чӣ гуна метавонад ба ин кишвар кумак кунад?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва СММ ба мувофиқа расиданд, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Созишномаи ҳамкориро дирӯз сардори ин ниҳод генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва роҳбари Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Маккаби Ҳогалӣ имзо карданд.
Тибқи ин санад, дар давраи аз соли 2021 то 2022, ҳарду ҷониб дар бораи ҳамкорӣ, ки ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ равона шудааст, ба мувофиқа расиданд.
СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи як қатор чораҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва дастгирии аҳолии аз рӯйдодҳои номатлуби табиӣ, аз ҷумла бо назардошти манфиатҳои кӯдакон, кӯмак хоҳад кард.
Мақомот зарари сел дар Кӯлобро 4 миллион доллар арзёбӣ кард
Ғайр аз он, ҳарду ҷониб тадбирҳои муқовимат бо паҳншавии коронавирусро муҳокима карданд.
Ёдовар мешавем, ки офатҳои табии бузург барои Тоҷикистон ғайриоддӣ нестанд. Дар аввали моҳи май дар ҷумҳурӣ боронҳои шадид борида, дар натиҷа обхезиҳо ва селҳои калон ба амал омаданд.
Ба гуфтаи роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назаров, падидаҳои табиӣ дар панҷ соли охир харобиовартарин шуданд.
Тибқи иттилои ниҳод, офатҳои табиӣ боиси марги 9 нафар гардида, инчунин ба иқтисодиёт ва кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон ба маблағи тақрибан 10 миллион доллар зарар расонидаанд.