ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, мушовири Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи мариз шудани вазири қаблӣ, ташдид ёфтани ҷанг бо Толибон ва суқут кардани чандин вулусволӣ ба дасти онҳо раҳбарони кишвар ба ин натиҷа расидаанд, ки ин генерали таҷрибадор вазири дифоъ таъйин шавад.
“Номзадии ӯро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд. Ҳоло ду раҳбар файсала кардаанд, ки бори ҷанги кунуниро маҳз мисли ӯ як фармондеҳи муҷарраб ва зиддитолиб ба дӯш дошта бошад”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Вазъи хос
Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд,дар ин вазифа Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро иваз мекунад. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифоъи Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надорад.
Таъйиноти Муҳаммадӣ дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир Толибон бо тамоми қувват пойгоҳу мавқеъи Урдуи миллии Афғонистонро дар вилоятҳо танг карда, то ба ҳол дар саросари кишвар ҳудуди 30 вулусволиро забт кардаанд. Онҳо дар ин миён садҳо сарбозу афсари Урдуи миллиро сар зада, вазъи амниятӣ дар Афғонистонро ба иғтишош кашидаанд.
Тибқи созише, ки дар пайи интихоботи ду соли пеш миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба вуҷуд омад, вазифаи вазири дифоъ саҳми аввалӣ ба ҳисоб меравад. Ашраф Ғанӣ дар замони президентиаш (аз соли 2014 ба ин сӯ) ҳеҷ гоҳ як тоҷик ё ғайрипаштунро ба ин вазифаи калидитарини ҳукумати Афғонистон таъйин накардааст.
Тағйини Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд, бузургтарин муборизи зидди терроризму Толибон, ба ин маънист, ки вазъ дар Афғонистон воқеан ба вахомат гароида, эҳтимоли суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба дасти Толибон пас аз комилан хориҷ шудани нерӯҳои Амрико ва НАТО то 11 сентябри соли равон ба вуҷуд омадааст.
Артиши ҷаҳолат
Ин танҳо нигаронии ҷомиаи мадании Афғонистон, балки кобуси тамоми кишварҳои минтақаву ҷаҳон аст, ки ин кишвар дубора ба даврони сиёҳи ҷаҳолати толибонӣ баргардад ва дастовардҳои 20 соли ахир, бахусус низоми хеле заъифи давлати рӯ ба демократияро барҳам занад.
Ба қудрат расидани Толибон ба ин маънист, ки созмонҳои террористии ҷаҳониву минтақаие, назири “Ал-қоида”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, “Лашкари тайиба” ва даҳҳо созмони дигар пойгоҳ ва паноҳгоҳи амне барои худ дар Афғонистон пайдо карда, ба минтақаву ҷаҳон таҳдид эҷод намоянд.
Аз ин хотир, таъйини Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, як чеҳраи маъруфи зиддитолибу зиддитерроризм дар ин мақтаъи таърихӣ барои минтақаву ҷаҳон аҳамияти хосе хоҳад дошт. Аммо то куҷо ӯ муваффақ дар майдонҳои ҷанг мешавад ва Афғонистонро наҷот медиҳад, суолест, ки то чанд моҳи дигар посухи худро ёфт.
Бисмиллоҳхон кист?
Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ соли 1961 дар деҳаи Рухаи вулусволӣ (ҳоло вилоят) – и Панҷшери вилояти Парвон ба дунё омада, аз ёрон ва афроди мавриди эътимоди Аҳмадшоҳ Масъуд - Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар синни 18 – солагӣ ба сафи муҷоҳидини ӯ пайвастааст.
Дар замони ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992 – 1996) фармондеҳи лашкари 40-и пиёда ва дар замони муқовимат алайҳи Толибон фармондеҳи умумии Горди миллии Давлати исломии Афғонистон таъйин шуд.
Ӯ яке аз фармондеҳони боризи Ҷаҳбаи Муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимат бо Толибон буд ва нерӯҳои ҷабҳаро дар саросари шимоли Кобул фармондеҳӣ мекард.
Пас аз суқути Иморати исломии Толибон дар ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) ӯ фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул (2001 – 2002), луидиристиз (сардори ситод) – и Урдуи миллӣ (2002 – 2010), вазири корҳои дохилӣ (2010-2012) ва вазири дифоъи Афғонистон (2012 – 2015) буд.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба гӯша рафт ва дар ҳеҷ симати давлатӣ таъйин нашуд, то ин ки шароити хоси кунунӣ ба миён наомад.