То 40 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи дамои ҳаво барои 19 июн дар Тоҷикистон

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво то 35+40 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Тавсияҳои КҲФ барои наҷот ёфтан аз гармии тоқатфарсо
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.