Сақичу қиём ба ҷои доруву сӯзандору: дар Русия роҳи нави мубориза бо коронавирусро меҷӯянд

Манбаъҳо мегӯянд, Вазорати мудофиа доруеро зидди COVID-19 дар шакли сақич таҳия мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Вазорати дифоъи Русия ба эҷоди як доруи нави зиддивирусӣ барои COVID-19 дар шакли сақич шурӯъ кард, гуфт як манбаъи наздик ба раёсати низомӣ ба РИА Новости.
Ин кор дар "Институти 48-уми марказии тадқиқотӣ" анҷом дода мешавад.
Ҳалокати як корманди сафорати ИМА дар Кобулу омори ахири коронавирус
"Омезиши шакли дастрас бо хосиятҳои судманди дору дар мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус таъсири мусбат фароҳам меорад", - гуфт мусоҳиби агентӣ.
Инчунин, институт ваксинаҳои луобӣ алайҳи коронавирус дар шакли зефир ё қиём офарида истодааст.
"Пас аз ба итмом расидани озмоишҳо, ин ваксина ба реҷаҳои гуногуни табобат шомил карда мешавад ва ҳамчун иловаи механизмҳои мавҷудаи истифодаи доруҳои пешгирикунанда истифода мешавад", - гуфт манбаъ.
Соли гузашта Институти 48-уми марказии илмии Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея доруи рекомбинантӣ аз SARS-CoV-2 "Sputnik V" ихтироъ кард.