Моргенштерн Хадамоти амнияти Украинаро ба додгоҳ кашид

Ҳунарманди рус Моргенштерн Хадамоти амнияти Украинаро барои манъи вуруд ба ин кишвар ба додгоҳ кашид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Рэпсаро ва блогери машҳури Русия Алишер Валеев (номи саҳнавиаш Моргенштерн) талаб кард, ки ӯро аз рӯйхати сиёҳи Хадамоти амнияти Украина, берун кунанд. Дар ин бора дар торномаи додгоҳ хабар дода мешавад.
Қаблан Вазорати фарҳанги Украина Моргенштернро ба сабаби таблиғи хушунат ва бераҳмӣ ба рӯйхати шахсоне, ки ба амнияти миллии Украина таҳдид мекунанд, шомил карда буд, менависад РИА Новости.
"Суди ноҳиявии Киев даъвои Алишер Моргенштернро ба Хадамоти амнияти Украина дар бораи шомил кардани ӯ ба рӯйхати ашхосе, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд, қабул кард. Ҳоло додгоҳ тасмим мегирад, ки аз рӯи ин даъвои маъмурӣ парванда боз кунад ё не", - омадааст дар хабарнома.
Пригожин шарҳ дод, ки чаро Манижа нисбат ба Моргенштерн диққати бештарро ҷалб мекунад
Ҳамин тавр, Валеев аз додгоҳ хоҳиш дорад, ки амалҳои Хадамоти амнияти Украинаро, ки ӯро дар рӯйхати ашхоси таҳдидкунанда ба амнияти Украина ворид кардааст, бепоя ҳисобанд.
Даъвогар инчунин хоҳиш мекунад, ки фармони Вазорати фарҳанг дар бораи таҷдиди рӯйхати сиёҳ, ки моҳи апрел содир шудааст, бекор карда шавад.
Вазорати фарҳанги Украина рӯйхати сиёҳи шахсиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Федератсияи Русияро, ки "ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд" нашр кард.
Дар байни ҳунармандони ба ин рӯйхат дохилшуда Олег Газманов, Иосиф Кобзон, Валерия Перфилова (номи саҳнавӣ - Валерия), Сергей Пенкин, Александр Розенбаум, Юлия Чичерина низ буданд. Рӯйхат мунтазам васеъ мешавад.