Ихтирои беназири тоҷикдухтари ҷавон Русияро тасхир кард

Нигора Мирова, тоҷикдухтари муқими Русия, ки донишгоҳро нав хатм мекунад, ихтирои беназир анҷом дода, аллакай соҳиби ҷоизаи бонуфуз ва даъватномаҳо аз корфармоён шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Нигора Мирова, зодаи Тоҷикистон, як тухмипошаки пневматикӣ ихтироъ кардааст, ки кишт ва ҷамъоварии онро якчанд маротиба осон мекунад.
Эҷоди технологияи нав ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ имкон дод, ки лауреати Ҷоизаи миллии ба номи Александр Ежевский шавад. Ҷоиза барои рушди техникаи кишоварзии ватанӣ тақдим карда мешавад.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты" Мирова гуфт, дар Тоҷикистон корҳои вазнини ҷисмониро ба қадри кофӣ дида, тасмим гирифтааст, ки ба эҷоди технология шурӯъ кунад.
Ба гуфтаи духтар, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мошинҳо барои корҳои деҳот суст рушд кардааст, аз ин рӯ, барои амалӣ кардани орзуи худ вай ватанро тарк карда, ба Челябински Русия барои таҳсил омад.
"Ман ба қадри кофӣ дидам, ки чӣ гуна хешовандон бе мошин азоб мекашанд - аксари корҳоро маҷбуран дастӣ иҷро кардан лозим аст. Амакам гандум мекорад, холаам пахта мекорад. Меҳнати деҳот хеле вазнин аст", - гуфт Мирова.
Айни замон, духтар дараҷаи магистрии худро ба итмом мерасонад ва ихтирооти худро идома медиҳад.
Дар мошини тухмипошак метавонад танзими тақсимоти тухмиҳо ва пешгирии садамаҳо истифода шавад. Ин бо роҳи тағйир додани мавқеи платформа дар дохили лӯла ба даст меояд, гуфт Мирова.

"Аз ҳама самаранок барои ҳама навъҳои тухмӣ мавқеи поёнии платформа мебошад. Ҳоло ман мехоҳам платформаро дар ду шакл эҷод кунам - нардбон барои мавқеъҳои гуногун ва дар шакли панҷара, то ҷараёни ҳаво бештар бошад ", - гуфт духтар.

Ихтирои Мирова писанди истеҳсолкунандагон шуда, ӯро барои кор ба заводи техникии Самара даъват кардаанд ва инчунин барои идомаи таҳсил дар Маскав низ пешниҳод гирифтааст.
Ғайр аз эҷоди технология, духтар ба донишҷӯёни хориҷӣ дар мутобиқ шудан ба шароити зиндагӣ ва таҳсил дар Русия кумак мекунад.
Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад
Вай инчунин пешниҳод кард, ки дар донишгоҳ Рӯзҳои фарҳангҳои миллӣ ташкил карда шаванд, то донишҷӯён бо анъанаҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ошно шаванд.
Ҳоло ихтирои тоҷикдухтар расман сабти ном гаштааст. Ӯ ҳанӯз замони донишҷӯияш низ барои коркардҳояш ғолиби озмунҳои сатҳи баланд гашта буд.
Нашрия қайд мекунад, ки як духтари дигар аз Осиёи Марказӣ, зодаи Қазоқистон низ барандаи Ҷоизаи миллии ба номи Александр Ежевский гардид.