Global Peace: Сулҳ дар Тоҷикистон таҳким ёфтааст

Тоҷикистон дар радабандии “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2021” мавқеашро 10 зина беҳтар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2021”, ё худ “Global Peace Index-2021” аз рӯи устувории сулҳу амнияти шаҳрвандон дар мақоми 97 қарор гирифтааст, ки нисбати соли гузашта 10 зина пеш рафтааст.
Дар гузориш, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Сиднеи Австралия, таҳия мешавад, 163 кишвар шомил аст.
Пажуҳишгоҳ дар гузориши ҷадидаш, ки натиҷаи омӯзиши ҷомеашиносону иқтисоддонҳои марказҳои илмии Австралия ва ИМА мебошад, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистонро дар ҷойи 67, Туркманистон - 109, Ӯзбекистон -90 ва Қирғизистонро дар мақоми 76–ум қарор додааст.
“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 21 зина пешрафт кардааст
Кишварҳои Сурия, Афғонистон ва Яман дар охири радабандӣ қарор гирифтаанд. Кишварҳои Ирландия, Зеландияи Нав, Дания дар садри ин радабандӣ қарор доранд.
Пажуҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия мегӯяд, ин радабандӣ бо назардошти 23 нишондод, аз ҷумла сатҳи зӯроварӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезаҳо, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқаррарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократия дар сиёсат таҳия гардидааст.
Гузоришгарон гуфтаанд, ки тайи 15 соли таҳияи радабандӣ сулҳ коҳиш ёфтааст. Он дар 86 кишвар рӯ ба беҳбудӣ дошта, дар 75 кишвар бошад майли поинравӣ дорад ва дар 2 мамлакат бетағйир аст.