ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Директори дафтари минтақавии Барномаҳои рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Миряна Сполярич Эггер ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора дафтари БРСММ дар ҷумҳурӣ хабар додааст.
Маълум аст, ки сиёсатмадори аврупоӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шариконаш мулоқоти зиёдеро ба нақша гирифтааст, аммо ҷузъиёт гуфта нашудааст.
Мавзӯи асосии музокироти дарпешистода танзими коҳиш додани таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 мебошад.
Инчунин дар назар аст, ки 22 июн Сполярич дар мизи мудавваре таҳти унвони "Сармоягузорӣ ба оянда: имкониятҳо барои соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон" ширкат варзад.
Ёдовар мешавем, ки намояндаи БРСММ аллакай ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон ташриф овардааст. Ӯ дар Тошканд дар Форуми байналмилалии занони соҳибкор ширкат варзид.
Дар Қирғизистон бошад бо мақомдорони ин кишвар гуфтугӯ карда, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард.