ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бозори "Садовод" дар ҷанубу шарқи Маскав пас аз паёми беном дар бораи минагузорӣ шудани ин маркази бузурги савдо тафтиш карда мешавад, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло тасмими кӯч додани мардум аз бозори мазкур гирифта нашудааст.
"Мо дар бораи таҳдиди таркиш дар бозори "Садовод" дар километри 14-уми роҳи ҳалқаи Маскав маълумот гирифтем", - менависад манбаъ аз қавли хадамоти фаврии Маскав.
Ҳоло мутахассисони хадамоти оперативӣ ба санҷиш шурӯъ кардаанд. Берун овардани кормандону меҳмонони бозор сурат нагирифтааст.
Бозори "Садовод", ки яке аз калонтарин бозорҳои Маскав аст, ба ширкати "Киевская Плошад", "Года Нисанов" ва "Зарах Илиев" тааллуқ дорад.
Он дар роҳи ҳалқаи Маскав дар масоҳати 40 гектар ҷойгир аст ва 8000 мағозаро дар бар мегирад.
Теъдоди фурӯшандаҳои тоҷик ва ҳамзамон харидорони тоҷикистонӣ дар ин бозор кам нест.