ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Футболбоз Александр Азимов, ба яке аз идораҳои полиси шаҳри Маскав омада, шикоят кардааст, ки дар кӯча шахсони номаълум телефонашро дуздиданд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии REN TV.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 16 июн дар кӯчаи Русаковская рух додааст.
Варзишгар дар идораи полис шикоят кардааст, ки дуздон телефони iPhone-7-ро дуздидаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои манбаъ ҷинояткор ҳанӯз боздошт нашудааст.
Александр Азимов 3 январи соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Футболбозиашро ӯ бо мураббӣ Сергей Насиров дар дастаи Трудове Резерви оғоз кардааст.
Дар ҷавонӣ ӯ дар чемпионати Тоҷикистон дар дастаи "Чашма" (Шаҳритус) бозӣ кардааст. Соли 1980 дастааш чемпион ва сазовори Ҷоми ҷумҳурӣ гардид. Сипас Азимовро, сармураббии бошгоҳи "Помир" Марк Тунис ба даста даъват кард. Аз нимаи соли 1992, ӯ фаъолияти худро дар лигаи ғайриҳирфаи идома дода то соли 2007 бозӣ кардааст.