Путин пас аз нишаст дар Женева аз Байден пуштибонӣ кард

Владимир Путин гуфт ҳамаи сиёсатмадорон аз "шпаргалка" истифода мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пас аз нишаст дар Женева Ҷо Байден, президенти ИМА - ро пуштибонӣ кард.
Путин қайд кард, ки истифодаи "шпаргалка" дар чорабиниҳои гуногун як амали маъмулист.
"Вай комилан мавзуъро дарк мекард. Гоҳ-гоҳе ӯ ба навиштаҳои худ менигарист. Мо ҳама чунин мекунем", - гуфт раҳбари Русия.
Ҳамзамон, Путин намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷен Псакиро танқид кард.
Путин ба Байден сипос гуфт
"Зани ҷавон, бомаърифат, зебо, худи ӯ ҳамеша чизеро омехта мекунад", - гуфт ӯ.
Президенти Русия қайд кард, ки котиби матбуотии Байден ба чизҳои дуюмдараҷа диққат намедиҳад.
"Амрикоиҳо бовар доранд, ки ҳеҷ чиз аз худи онҳо муҳимтар нест. Ин услуби онҳо аст", - хулоса кард Владимир Путин.