ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Андиҷон дар бораи хушбахтии оила сухан гуфт.
Рӯзи панҷшанбе кишвардор аз корхонаи дӯзандагии And gold, ки дар ноҳияи Избаскан воқеъ аст боздид кард.
Президент Узбекистана посетил швейно-трикотажное предприятие And gold в Избасканском районе Андижанской области
Дар ин коргоҳ 830 зан фаъолият мекунанд. Мирзиёев дар рафти боздид бо бонувони ин коргоҳ суҳбат кард, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
"Ман эҳтиром ва муҳаббати худро ба шумо изҳор мекунам. Ман шодам, ки шумо дар деҳаи худ кор пайдо кардед. Оё пеш дар Избаскан чунин корхонаи муосир вуҷуд дошт? Мо барои занон ҳама шароитҳоро муҳайё хоҳем кард. Агар зан дар ҷое кор кунад ва табъи хуш дошта бошад, оилааш хушбахт мешавад", - гуфт президент.
Гуфта мешавад, ки ин коргоҳ алъон дар ҳоли рушд аст ва бояд шумораи занони коргар дар ин фабрика ба 1200 нафар расонида шавад.