Дар Маскав кори ронандагони таксӣ бо шаҳодатномаи хориҷӣ манъ мешавад

Талабот барои кори ронандагони хориҷӣ дар таксиҳои Маскав шадидтар карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Маскав ниҳодҳои хизматрасони таксӣ мактуб гирифтаанд, ки дигар ба ронандагон бо шаҳодатномаи хориҷӣ фармоиш равон накунанд.
Маълумот дар бораи тартиби нави кор дар таксӣ, дар Telegram-и Департаменти нақлиёти Маскав нашр шуд.
Бозрасии роҳҳои маъмурии Маскав талаб дорад, ки пайваст кардани ронандагон бо шаҳодатномаҳои хориҷии ронандагӣ ва бидуни таҷрибаи кор ба хадамот қатъ карда шавад.
Агар қонуншиканӣ бартараф нашавад, ин ниҳод ваъда медиҳад, ки ба прокуратура муроҷиат мекунад.
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Сабаби чунин талаботро зиёд шудани қонуншиканиҳо мегӯянд. Танҳо аз аввали соли 2021, нозирон дар роҳҳои шаҳр беш аз 1,7 ҳазор чунин ҳолатро ошкор кардаанд.
Инчунин, маҳдудиятҳо барои таъмини амнияти мусофирон пешбинӣ шудаанд, мегӯяд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҳамакнун дар таксӣ танҳо соҳибони шаҳодатномаи ронандагии Русия ё Қирғизистон иҷозаи кор карданро доранд.
Инчунин кор дар ин навъи хизматрасонӣ ба шаҳрвандони кишварҳое иҷозат дода мешавад, ки забони русӣ ҳамчун забони расмӣ истифода мешавад. Дар баробари ин ронандагон бояд беш аз 3 сол собиқаи корӣ дошта бошанд.