ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон бо гумони ташвиқ ба амалҳои террористӣ боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФСБ дар Хакасия.
Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда дар байни муҳоҷирони дигар ба таблиғи фаъолияти ташкилоти байналмилалии террористӣ "Катиба - Тавҳид Вал-Ҷиҳод (мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) машғул будааст.
Инчунин хабар дода мешавад, ки ӯ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро барои дастгирии созмони террористӣ таъсис дода ва тавонистааст, ки панҷ ҳазор ҳамвандро ба он пайваст кунад.
Ин мардро мутобиқи қисми 2 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ("Даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиғи терроризм"), барои бурдани тафтишот ду моҳ ҳабс карданд.
ФСБ инчунин хабар медиҳад, ки боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва ҳангоми кофтукови хонаи ӯ, матнҳои таблиғотии фаъолиятҳои террористӣ, алоқаи электронӣ ва васоити электронӣ ёфт шудаанд.