Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон: бархе қувваҳо мехоҳанд муносиботи Душанбеву Бишкекро муташанниҷ кунанд

Дар Қирғизистон як гурӯҳи ташаббускорон барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи марзӣ имзо ҷамъоварӣ доранд. Дастгоҳи раисҷумҳури ин кишвар аз ин иқдом изҳори нигаронӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “EurAsia Daily”, Бишкек аз он нигарон аст, ки мурофиаҳои судӣ музокирот бо Тоҷикистонро мушкилтар хоҳад кард.

“Ҳоло, ки масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар чаҳорчуби сулҳу музокирот оғоз ёфтаанд, бархе аз нерӯҳо мехоҳанд танишҳоро дар муносибатҳои дуҷониба барқарор созанд. Масъалаҳои марзӣ муносибати мутавозинро тақозо мекунанд ва дар ин ҳолат, чунин ташаббусҳо метавонанд ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии масъала зарар расонанд ”, - шарҳ додааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Мақомоти Қирғизистон таъкид доштааст, ки кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон идома дорад, онҳо роҳҳои мақбули ҳалли масъаларо бо назардошти манфиатҳои ду кишвар ҷустуҷӯ доранд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Аз бастани марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон кӣ зарар мебинад
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.