Путину Байден тақдири Украинаро ҳал мекунанд: изҳороти муҳими Зеленский

Шиори "Тақдири Украинаро бидуни Украина ҳал накунед" комилан дигар ба кор намеравад: Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ин иддаоро эътироф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина чандон нигарон нест, ки бидуни ҳузури ӯ, сарони ду кишвари абарқудрат Русия ва Амрико мушкилоти Украинаро ҳал хоҳанд кард. Вай дар ин бора дар сомонаи расмии худ изҳор доштааст.
Ба гуфтаи Зеленский, тамоми ҷаҳон мунтазири натиҷаҳои мулоқоти Путину Байден мебошад. Вай қайд кард, ки новобаста аз зиддиятҳои қаблан ба вуҷуд омада буданд вароҳи ҳалли худро наёфтанд, мулоқоти раҳбарони ду кишвар, самаранок хоҳад буд.
Вазири хориҷаи Украина мехоҳад лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ-2”-ро бо Қрим иваз намояд
Зеленский ибораи "Масъалаи Украинаро бидуни Украина ҳал накунед”-ро одилона медонад, вале ғалатии онро эътироф мекунад.
"Ман фикр мекунам, ки дар ин ҷо ягон чизи даҳшатнок нест. Аммо ба ҷои Украина тасмим гирифтан, ғайриимкон аст. Боварӣ дорам, ки ин ғайривоқеист. Тақдири Украинаро бидуни мо муҳокима мекунанд, ба мо маълум аст", - таъкид кард президент.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Зеленский, ҳангоми баррасии мушкилоти Украина, Путин ва Байден наметавонанд ба натиҷаҳои мушаххас бирасанд, зеро намояндагони Киев ба ин нишаст даъват нашудаанд.
Амрико, Русия ва Аврупо алайҳи Украина муттаҳид шуданд
Роҳбари Украина қайд кард, ки русҳоро ҳеҷ кас аз украиниҳо беҳтар намедонад ва баръакс.
"Мо хуб дарк мекунем, ки созиш миёни Русия Амрико дар масъалаи Украина бидуни ҳузури худи Украина нахоҳад буд", - илова кард Зеленский.
Қаблан вазири умури хориҷаи ин кишвар Дмитрий Кулеба гуфта буд, ки ҳеҷ созишномае, ки дар мавриди Украина ҳосил мешавад, бидуни ширкати Киев эътироф нахоҳад шуд.
Ба ақидаи Владимир Батюк, профессори кафедраи сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ ва коршинос, ин мавзӯъ метавонад дар саммити қарибулвуқӯи Русия ва Амрико "доғ" шавад.