ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳавопаймои президенти Русия Владимир Путин дар фурудгоҳи Женева фуруд омад. Роҳбари Федератсияи Русия дар доираи сафари расмӣ ба Швейтсария рафт.
Қарор аст, ки дар Женева Путин бо президенти ИМА Ҷо Байден гуфтушунид кунад. Мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА дар қаламрави Вилла Ла Гранж, ки дар шафати кӯли Женева ҷойгир аст, баргузор мешавад.
Тахмин меравад, ки гуфтугӯи Путин ва Байден тақрибан 5,5 соат идома хоҳад ёфт. Дар ин мулоқт Путин ва Байден ният доранд, ки суботи стратегӣ, халъи силоҳ, пандемия, ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва муҳити зистро баррасӣ кунанд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъ дар Афғонистон, Ливия, Қарабоғи Кӯҳӣ ва нимҷазираи Куриё дахл хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, пас аз музокирот бо Байден, раҳбари Русия нишасти матбуотӣ дода, сипас ба мулоқот бо президенти Швейтсария Гай Пармелин меравад.