ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба президенти ИМА Ҷо Байден барои ташаббуси баргузории мулоқот дар Женева ташаккур гуфт.
Дар оғози музокирот Путин изҳори умедворӣ кард, ки дидору мулоқоти онҳо самаранок хоҳад буд.
Ҳамзамон ҳамтои амрикоии ӯ, Ҷо Байден низ мулоқоти рӯбарӯ бо Путинро муфид арзёбӣ кард.
"Мо кӯшиш мекунем бо Федератсияи Русия муайян кунем, ки дар кадом масъалаҳои манфиати муштарак дорем", - афзудааст Байден.
Хотиррасон мекунем, ки 16 июн музокироти сарони Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева баргузор шуд.
Барои ҳамоиш беш аз 5 соат вақт ҷудо карда шудааст. Зимнан, пас аз мулоқот, Путин ва Байден нишастҳои матбуотии ҷудогона мегузаронанд.
Бояд гуфт, ки Байден ва Путин бори дуввум мулоқоти рӯбарӯ доранд. Онҳо аввал бор соли 2011 дидору гуфтугӯ намуда буданд. Аммо, он вақт Путин сарвазири Русия ва Байден муовини сарвазири Иёлоти Муттаҳида буд, ки бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия сафар дошт.