Насби пояи 70-метрии парчам дар Данғара: Президент гуфт, ватандӯстиро боло мебарад – акс

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 70, дарозии матои он 18 ва паҳноиаш бошад, 9 метрро ташкил медиҳад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, масоҳати умумии майдони Парчам 3 гектар буда, он аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ёфтааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 70, дарозии матои он 18 ва паҳноиаш бошад, 9 метрро ташкил медиҳад, тавзеҳ дод манбаъ.
Роҳравҳои ҳудуди майдони Парчам дар масофаи беш аз 6 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он 86 чароғи равшанидиҳанда насб гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон курсиҳои нишаст гузошта шудааст.
Ифтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара бо ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон
Котиботи раисиҷумҳур афзуд, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар ин ҷо майдончаи бозии футбол ва бозии кӯдакон сохта шудааст, ки масоҳати майдончаи варзишӣ 800 ва бозии кӯдакон 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Ба хотири мунтазам об мондани ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ хатҳои об, обанбори захиравӣ дар ҳаҷми 50 метри мукааб ва 3 адад насоси обкашӣ насб гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намудаст, ки “дар маркази ноҳияи Данғара қомат афрохтани Парчами давлатӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмуъ кулли сокинони ноҳия нақши муҳим мебозад”.