Эътирозҳо ва пандемия: ғолибони озмуни хабарнигорони аксгир ба номи Стенин эълон шуда

Ба озмуни хотираи рӯзноманигори суратгир Андрей Стенин зиёда аз чор ҳазор асар аз 70 кишвари дунё фиристода шуд
Sputnik
Намояндагони 17 кишвар барандагони озмуни суратгирони ҷавон ба хотираи Андрей Стенин шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии озмуни эҷодӣ хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба рӯйхати кӯтоҳ аксҳои суратгирони Чин, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳо дохил карда шудаанд.
Мавзӯи асосии асарҳои иштирокчиёни озмун рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки чанде қабл дар сартосари ҷаҳон рух доданд ва дар сархати расонаҳо қарор гирифтанд.
Дар байни аксҳо, расмҳои равшани эътирозҳо дар Миннеаполис, оқибатҳои пандемия аз коронавирус, ҳамлаҳои малах дар Африқо ва Осиё, инчунин офати экологиро метавон дид. Дар маҷмӯъ, созмондиҳандагони озмун беш аз чор ҳазор асарро аз 70 кишвари дунё баррасӣ кардаанд. Номи ғолибон ва ҷоизадорон моҳи сентябр эълон карда мешавад.