ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон вазъи муҳоҷиронро дар мавриди кӯшишҳои онҳо барои қонунӣ намудани ҳузурашон дар Федератсияи Русия шарҳ дод.
"Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ се моҳ мӯҳлат дода шуд. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандони мо бояд то 30 июн ҳамаиҳуҷҷатҳоро пур ва ҳузури худро қонунӣ намоянд", - шарҳ дод Сатторов.
Ӯ гуфт, бинобар маълумоте, ки аз Хадамоти муҳоҷиратдарёфт намудааст, муҳоҷирони тоҷик набояд то мӯҳлати муайяншуда дучори ягон мушкилӣ шаванд.
Сатторов афзуд, Тоҷикистон умедвор аст, ки бинобар сарбории зиёди парвози ҳавопаймоҳо ва имкони сари вақт қонунӣ кардани муҳоҷирон, "афви муҳоҷират" барои чанд моҳи дигар тамдид мешавад.
Ёдовар мешавем, моҳи апрели соли 2020 фармони президенти Русия Владимир Путин ба иҷро даромад, ки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дод, ки муваққатан то 15 июн дар қаламрави кишвар иқомат ва кор кунанд. Ин фармон дар бораи имтиёзҳо барои муҳоҷирон бо сабаби пандемияи коронавирус чанд маротиба таҷдид карда шуд.