Зодрӯзи Саидмӯъмин Раҳимов ва Зулфия Атоева: 15 июн дар таърих

15 июн - Рӯзи байналмилалии шамол буда, дар Ҷумҳурии Куриё – Рӯзи кишоварзӣ, дар Озарбойҷон — Рӯзи миллии наҷот ва дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ мебошад.
Sputnik

Рӯзи 15 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дар Ҷопон сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1883 дар Олмон қонуне ба тасвиб расидааст, ки дар вақти беморӣ суғуртаи кории кормандро танзим менамояд.
Соли 1905 Русия ва Ҷопон дар шаҳри Вашингтон барои гузаронидани музокироти осоишта ба мувофиқа омаданд.
Зодрӯзи Абдуваҳҳоб Воҳидов ва нахустин заминларза дар Канада: рӯзи 11 июн дар таърих
Соли 1982 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Венгрия дастаи миллии Салвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кард.
Соли 1999 дар Белгия фурӯши "Кока-Кола"-ро бо сабаби доштани моддаҳои зиёди кимиёвӣ манъ намуданд.

Рӯзи 15 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Русия Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зодрӯзи Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҳоҷиҳусайни Кангуртӣ: рӯзи 10 июн дар таърих
Соли 2011 ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.
Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро ҷонибдорӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июн

Рӯзи байналмилалии шамол.
Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.
Дар Озарбойҷон — Рӯзи миллии наҷот.
Дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.

Рӯзи 15 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928-1987 - нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев.
Соли 1928 - доктори илми филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев.
Соли 1928-2007 - профессор Аъзам Пӯлодов.
Соли 1935 - журналист Абдулло Ҷонбеков.
Соли 1937-2008 - адабиётшинос Шамсулло Девонаев.
Соли 1942 - паҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов.
Соли 1942 - доктори илмҳои кишоварзӣ Амир Қарақулов.
Соли 1943 - Нависанда Фотеҳ Абдулло.
Соли 1946 - рӯзноманигор Саидмухтор Олимов.
Соли 1947-2007 - Ҳумдин Шарифов, собиқ сардори ВКД Тоҷикистон.
Соли 1951 - ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов
Соли 1954 - шоира Зулфия Атоева.