Обуҳавошиносон: ҳарорат то 40 дараҷа боло меравад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм хоҳад гуд ва ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат борида, танҳо дар шарқи вилоят бориши суст дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.