ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Маркази матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон ба Sputnik гуфт, купруки воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.
“9 марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуд, ки онро таъмир кунанд. Бо ин мақсад аллакай як қатор корҳо ба сомон расидаанд”, - гуфт ин манбаъ.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин сарусадоҳо ба миён афтода буданд, ки ширкати IRS, масъули нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ таъмири ин пулро ба зиммаи ниҳодҳои зидахли ҳукуматии Тоҷикистон партофтааст.
Он ҳам ба ин сабаб, ки харҷи таъмир як маблағи қобили мулоҳизаро талаб мекунад. Ин кӯпрук моҳҳо ба ин сӯ тахриб шуда, ҳаракати мошинҳо фақат аз як ҷониби он анҷом мегирад.
Маркази матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон гуфт, дар асоси тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.
“Лоиҳакашиву азнавсозии пулро ширкати муътабари “Чайна Роуд” дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ хоҳад кард. Азнавсозии ин пули азим хароҷоти зиёдро ба думбол дорад, аммо азми роҳбарияти “IRS” дар робита ба ин масъала қавӣ ва нияташон нек аст”, - гуфт ин манбаъ.
Тибқи як шартномаи консессионӣ бо ҳукумат ва ҳам таъйиди Маҷлиси Олии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқро филиали Ширкати бритониёии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз соли 2010 ба ин сӯ ба зимма дорад.
Тибқи иттилои ширкат, дар гузашта аз сӯи “IRS” ду купруки азими масири Душанбе – Чаноқ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шудааст.