ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳунарманди қиссаву достонсарои орифона Маҳмадсаид Аҳмадов рӯзи 14 июн аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора ҳунарманди шинохта Фурқат Саидов дар сафҳаи худ дар Фейсбук хабар дод.
Аҳмадов, ки 66 сол умр дошт, дар зодгоҳаш, деҳаи Гулхании Ҳисор фавт кард.
Муҳаммадсаиди Аҳмад 10 феврали соли 1955 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Ленин ва сипас Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
Ӯ ба сифати ҳунарманд солҳои 1975-1976 дар ноҳияи Данғара, 1976-1977 дар ноҳияи Лахш, 1978-1981 дар ноҳияи Нуробод ва аз 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор фаъолият кардааст.
Бештар суруду тарона ва қиссаву достонҳои орифона месуруд. “Хуш намеояд маро”, “Шамъи дилафрӯз”, “Бар намеояд”, “Қадри якдигар”, “Ёди рӯи ту”, “Ба тоҷик”, “Таърих гувоҳ аст”, “Қадри нон”, “Шукрона”, “Ман зи Оли Сомонам”, “Насиҳат ба фарзанд”, “Табъи гуҳарбор”, “Суроғи кӣ будӣ?”, “Азиз аст” , “Ман надонам, кофирам ё ман мусалмонам, ай Худо”,аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд.
Марҳум бо медали “Хизмати шоиста” қадр шуда, соли 2006 бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.