ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милиса як марди 45 - сола боздошт гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи умури дохила дар шаҳри Турсунзода як сокини 45 - солаи маҳаллӣ муроҷиат намудааст.
Ба изҳори ин мард, шаби 12 июн, тахминан соати 23:00 ҳамсояи 33 - солаи ӯ дар ҳолати сархушӣ ба хонаи ин мард зада даромадаст.
Ҳар дуи онҳо сокинони ҷамоати деҳоти 10 - солагии Истиқлолият мебошанд.
Зимнан, марди маст бо корди ошхонагӣ як маротиба ба шикаси соҳибхона зарба расондааст.
Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта бистарии беморхона гардидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.