Ҳам лату кӯб карданду ҳам корд заданд: боздошти ду ҷавони 18-сола дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони18-сола хабар дод, ки дар лату кӯб ва кордкашӣ нисбати як ҷавони дигар гумонбар дониста мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ду ҷавони боздоштшуда сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми июни соли равон, дар назди бинои истиқоматиаш ду ҷавони 18-солаи сокинони ҳамин ноҳия ӯро лату кӯб намуда, сипас, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба пойи ҷабрдида задааст.
ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.
Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли равон Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфта буд, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.
Ба гуфтаи президент, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.
“Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст”,- гуфтааст президент.
Президент гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.